АФВ ВА БАХШИШ (#15638)

Поко Подшоҳо! Ҳар огоҳе бар яктоият гувоҳӣ дода, Туӣ Он Тавоное, ки ҷудат вуҷудро мавҷуд фармуд ва хатои ибод атоятро бознадошт. Эй Карим, аз матлаъи нурат мунаввар намо, ва аз машриқи ғаноят сарвати ҳақиқӣ бахш. Туӣ Бахшанда ва Тавоно.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#15639)

Илоҳо, Маъбудо, Масҷудо! Ба як калима аз калимоти улё арз ва саморо халқ фармудӣ, ва ба як қатра аз дарёи ҷудат вуҷудро мавҷуд намудӣ. Туӣ Муқтадире, ки қувват ва қудрати ҷабобираи арз ва фароинаи билод Туро аз ирода манъ нанамуд. Эй Карим, фақире ба бобат таваҷҷуҳ намуда, ва заифе ба ҳабли иқтидорат тамассук ҷуста. Аз Ту карами қадиматро металабад, ва афви ҷадидатро соил ва омил. Уро аз дарёи фазлат маҳрум манамо, ва аз кавсари зиндагонии абадӣ мамнуъ масоз. Туӣ Қодир ва Тавоно. Эй Парвардигор! Зарроти олам бар ғаноят гувоҳанд, ва бар фазлат муқир ва муътариф. Оё мисли Ту Ғанӣ, мисли мани фақирро маҳрум менамояд? Ҳошо ва калло! Ашҳаду ва яшҳаду кулул-ашё, бианнака Анта Акрамул-Акрамин ва Арҳaмур Роҳимин.

-Bahá'u'lláh
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14455)

Ҳуваллоҳ! Эй Яздони меҳрубон! Саропо гунаҳем ва хоки раҳем ва мутазарреъ дар ҳар субҳгаҳем. Эй Бузургвор, хато бипӯш ва ато бибахш, вафо бифармо, сафо иноят кун, то нури ҳидоят тобад ва партави мавҳибат биафзояд. Шамъи ғуфрон барафрӯзад, пардаи исён бисӯзад, субҳи умед дамад, зулмати навмед зоил гардад, насими алтоф бивазад ва шамими эҳсон мурур намояд, машомҳо муаттар гардад, рӯйҳо мунаввар шавад. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон ва Дурахшанда ва Тобон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14456)

Ҳуваллоҳ! Таваҷҷуҳ ба малакути ғайби Абҳо кун ва муноҷот намо: Эй Яздони меҳрубон, ғариқи баҳри исёнам, тариқи ғуфрон бинамо. Саросар қусурам, аз доми ғурур раҳоӣ бахш. Ҷисмониям, рӯҳонӣ намо. Имкониям, раҳмонӣ кун. Ташнаи моъи маъинам, ба айни тасним далолат фармо. Муштоқи дидорам, мушоҳидаи анвор муяссар фармо. Аз худ безорам, гирифтори Хеш кун ва аз оламиён дар канорам, нафҳаи зулфи мушкбор ба машомам ор. Саргардонам, сару сомон бахш. Бечораам, овораам, паноҳ деҳ. Муштоқам ба висоқи висол дарор. Дар эҳтироқам, нури ишроқ бибор. Заифам, тавоно намо. Фақирам, канзи ғано ато кун. Дардмандам, дармон деҳ. Ҷариҳам, марҳам ато кун. Гирифторам, раҳоӣ бахш. Пургуноҳам, аз зиллати исён бираҳон. Дар зилли иноят маскан бахш ва ба сирфи мавҳибат муомила фармо, то пай ба ҷаҳони дигар барам ва ба кишвари дигар раҳбар шавам. Аз каъси таҳур сармаст гардам ва дар майхонаи муҳаббат майпараст шавам. Туӣ Қодир ва Тавоно, ва Туӣ Карим ва Раҳим ва Пурато.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14457)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигори Меҳрубон! Ҳарчанд гунаҳкорам, вале ба бахшишат умедвор, мустамандам ва фақир. Туӣ Арҷманд ва Муҷир. Дардмандам ва ҳақир. Туӣ Дармони ҳар алил ва асир. Худовандо, таъйиде бахш ва тавфиқе эҳсон фармо, то бар хидматат кӯшам ва ридои мавҳибат пӯшам ва аз салсабили иноят нӯшам.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14458)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ҳарчанд гунаҳкорем, вале ғуфрони Ту аъзам аз ҳар гуноҳ, ҳарчанд зулмати исён зоҳир ва аён, вале кавкаби раҳматат дурахшонтар аз маҳи тобон, партаве он зулматро маҳв намояд ва мавҷе он хас ва хошокро зоил кунад. Эй Парвардигор, Эй Омурзгор, бахшишат офаринишро ҳаёти ҷадид бахшид ва хуршеди эҳсонат аз уфуқи имкон бидурахшид, бо вуҷуди ин мавоҳиб осиёнро чӣ ғам ва чӣ бок, ҷамеъ мултаҷӣ ба каҳфи манеъ ва лоиз ба малози рафеъ. Мавҳибате ато фармо, ки сироҷи қулуб ба нури ҳудо равшан гардад ва ҳадоиқи нуфус ба баҳори доимӣ гулшан шавад. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон ва Омурзандаи ҳар пажмурдаи пурисён. Иннака Антар– Раҳмон, ё Азимал– Ғуфрон ва иннака Антал– Аффувул– Ғафурул– Мустаъон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14459)

ҲУВАЛЛОҲ! Эй Ҷамоли Абҳо, Эй Ҳазрати Кибриё! Ин саргаштагон гумгаштагони кӯи Туанд ва савдоиёни рӯи Ту. Инояте фармо, ки қулуб ҷилвагоҳи рӯи Ту гардад ва судур оташкадаҳои пурсӯз. Анвори асрор бар сароир битобад ва партави биниш бар басоир занад.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14460)

Ҳуваллоҳ! Дар ҳар нафасе сар ба туроби аҷз ва ниёз ниҳам ва тазарруъ ва зорӣ намоям, ки: Эй Худованди Бениёзам ва Маҳрами розам ва Ёри Дилнавозам, он ёрони деринро маззоқ шаккарин намо ва дар даргоҳи Аҳадиятат бандаи нозанин фармо ва дар айвони иллийин садрнишин кун. Туӣ Ҳаннон, Туӣ Маннон, Туӣ Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14461)

Ҳуваллоҳ! Эй Омурзгор! Ҳама гунаҳкорем ва ҷафокирдор. Ту Омурзандаӣ, Ту Бахшандаи Меҳрубон. Дар қадр ва лаёқат мангар, дар фазл ва афв бинигар, моро дар баҳри ғуфрон ғариқ кун ва дар Ҷаннати Абҳо бо Малаъи аъло рафиқ. Туӣ Раҳим, Туӣ Раҳмон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14462)

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро! Ин бандагонро паноҳ Туӣ. Воқифи асрор ва огоҳ Туӣ. Ҷамеъи мо оҷизем ва Ту муқтадир ва Тавоно. Ҷамеъи мо гунаҳкорем ва Туӣ Ғофируз– зунуб ва Раҳим ва Раҳмон. Парвардигоро! Назар ба қусури мо манамо, ба фазл ва мавҳибати Хеш муомила кун. Хатои мо бисёр аст, вале баҳри раҳмати Ту бепоён. Аҷзи мо бисёр аст, валекин таъйид ва тавфиқи Ту ошкор. Пас таъйид деҳ ва тавфиқ бахш ва моро ба он чӣ сазовори даргоҳи Туст, муваффақ намо. Дилҳоро рушан кун ва чашмҳоро бино намо ва гӯшҳоро шунаво кун, мурдагонро зинда фармо ва маризонро шифо бахш. Фақиронро ғанӣ намо ва хоифонро амният бахш ва моро дар Малакути Хеш қабул намо ва ба нури ҳидоят рушан кун. Туӣ Муқтадир, Туӣ Тавоно, Туӣ Карим, Туӣ Раҳим ва Туӣ Меҳрабон!

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14463)

Ҳуваллоҳ! Эй муниси ёрон! Таваҷҷӯҳ ба ҷаҳони Яздон намо ва табаттул ба Малакути пинҳон кун ва ин муноҷот бинамо: Эй Дилбари яктои ман, овораи саҳроям ва саргаштаи бодияпаймо дар раҳат афтон ва хезон ва сармасти паймонаи паймон. Уфтодаам, бечораам, дилдодаам, шайдоиям, савдоиям, вале рӯй ба сӯи Ту орам ва орзуи кӯи Ту дорам. Дар ҳиҷронам, пурҳирмонам, бесарусомонам, ба лутф ва иноятат шоёнам. Асирам муҷир шав, уфтодаам дастгир шав. Ғарибам муниси ҷон шав. Бекасам муъини дилу ҷон гард. Аз ҷаҳон ва ҷаҳониён безор фармо ва дар паноҳи Хеш манзил ва қарор бахш. Аз модун мустағнӣ кун ва аз атои Хеш баҳра ва насиб деҳ. Гуноҳ биёмурз. Хато бипуш. Афв ва ғуфрон фармо, зеро гунаҳкорем, бадрафторем, дар баҳри исён мустағрақем. Туӣ Маҳбуби меҳрубон ва Туӣ Бахшандаи гуноҳон. Эй Парвардигор, иқтидор деҳ, собит ва пойдор намо. Бесабр ва қарор кун ва маҷнуни ҷамоли пуранвор намо, ва мафтуни он зулфи мушкбор фармо, то бегона ва хеш фаромӯш намоем ва монанди дарё ба ҷӯш ва хурӯш оем, ва аз паймонаи паймон маст ва мадҳуш гардем. Туӣ Бахшанда ва Меҳрубон, ва Туӣ Омурзанда ва Омӯзандаи ёрон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14464)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ҳарчанд оҷиз ва нотавонам, вале Ту Қодир ва Тавоно. Шармандаем, дармондаем ва оҷиз мондаем. Ту Муъинӣ, Ту Заҳирӣ, Ту Дастгирӣ. Он чӣ сазовори Парвардигорист шоён фармо ва он чӣ шоёни Омурзгорист арзон кун. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Ҳифзкунанда ва Меҳрубон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14465)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин гунаҳкор шармсор аст ва гирифтори ҳавоҷиси ин хокдони торик ва тор. Эй Маҳбуби Меҳрабон! Аз нафс ва ҳаво безор кун ва гирифтори муҳаббати Хеш фармо, то аз худ бигзарем рӯи Ту ҷӯем, хӯи Ту хоҳем, роҳи Ту пӯем. Аз ҳар қайде озод шавем ва аз ҳар ғаме ва балое дилшод гардем. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14466)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор! Ҳарчанд гунаҳкорем вале ба бахшишат умедвор, мустамандем ва фақир, Туӣ арҷманд ва муҷир, дардмандем ва ҳақир, Туӣ дармони ҳар алил ва асир. Худовандо, таъйиде бахш ва тавфиқе эҳсон фармо, то дар хидматат кӯшам, ва ридои мавҳибат пӯшам, ва салсабили иноят нӯшам. Вал Баҳоу Алайк.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14467)

Ҳувал Абҳо Эй Худованди меҳрабон! Мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор ва мо табоҳкорем ва Ту Аффуви Ғаффор. Ҳар чанд мавҷи гунаҳ авҷ гирифтааст, вале ба афв ва ғуфронат муътамидем, ва ҳарчанд сели исён дар ниҳояти туғён аст, вале ба бахшиш ва эҳсонат мутавассилем. Эй Худои Пурато! Хато бипӯш. Дарёи раҳмат ба ҷӯш овар ва ҷоми мағфират бинӯшон. Ҳарчанд зулмати зунуб шадид аст, вале маҳи тобони мағфиратат бас мунир. Эй Худованд! Ин мустамандро дар айвони баланд ҷой деҳ ва арҷманд фармо, ва дар фалаки ғуфрон ахтари тобон кун, ва дар сояи дарахти умед маскан ва маъво бахш. Туӣ Ғафур ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14468)

Аллоҳу Абҳо Эй Худои Пурато! Хато бипӯш ва бахшиши ройгон ва омурзиши бепоён мабзул фармо. Чашмҳоро боз ва гӯшҳоро бо роз дамсоз кун, то дар ин каври азим оёти тавҳид таҷассум намояд ва ҳақиқати таҷрид таҳаққуқ ёбад, чӣ ки сазовори ин каври нуронӣ чунин мавҳибати Раҳмонӣ аст.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14469)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, гунаҳкорам ва Ту Омурзгор, қосирам ва Ту Ғофир, дар зулмати исёнам ва Ту Нури ғуфрон. Пас– Эй Худованди Меҳрабон, хато бибахш, ато бидеҳ, гуноҳ биёмурз, паноҳ ато кун, дар чашмаи Айюб ғӯта деҳ ва аз ҷамеъи илал ва амроз шифо бахш. Пок ва муқаддас кун ва аз файзи тақдис насиб ато фармо, то ҳузн ва андӯҳ зоил гардад ва фараҳ ва сурур ҳосил шавад, яъс мубаддал ба умед гардад ва хавф мунқалиб ба раҷо. Туӣ Аффув ва Ғафур  ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14470)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, ин гунаҳкорро аз ағёр безор намо ва ба муҳаббати Хеш гирифтор намо аз банд ва каманди ҳаво ва ҳавас раҳо кун, ва дар доми муҳаббати ҷамоли Абҳо биафкан, то он чӣ ғайри Ӯст фаромӯш кунам, ва аз бодаи муҳаббатат сармаст ва мадҳуш гардам.  Эй Худованд, нодонам ва ба гумони хеш гирифтор, чорае кун ва ин афтодаро аз нафси аммора наҷот бахш, ҳар дам васвасае намояд ва дар ҳар нафас доми тозае ниҳад. Эй Худованд, Ту наҷот бахш ва раҳоӣ деҳ, ва ба нафаҳоти қудси Хеш чорае кун, шояд ин дил аз олами об ва гил раҳоӣ ёбад, ва дар авҷи Раҳмонӣ парвоз намояд, ва ба руҳи инқитоъ биосояд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14471)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, ин нуфус ошуфтаи рӯи Туанд ва гумгаштаи кӯи Ту ва ошиқони хулқ ва хӯи Ту, сармасти ҷоми Туанд ва паррандагони боми Ту, мурғони дастомӯзи иноятанд, ва булбулони шайдои гулҳои ҳақиқат, ташнагони чашмаи раҳматанд, ва оворагони иқлими марҳамат. Эй Омурзгор, гуноҳи бандагон ғуфрон намо ва паноҳ ба бечорагон бахш. Туӣ Худои меҳрабон, ва Туӣ Соҳиби афв ва ғуфрон, заифонро қувват бахш ва алилонро шифо иноят фармо ва мустамандонро арҷманд кун ва афсурдагонро иштиъол бахш. Аз шарри ифтитони азим маҳфуз ва аз садамоти имтиҳони шадид масун бидор, бар Аҳд ва Мисоқ мустақим кун ва бар паймон ва имон мустадим. Дар зилли Малакути Абҳоят манзил деҳ ва дар паноҳи ҷабарути аълоят маъво бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, Туӣ Шунаванда ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14472)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, Эй Кирдигор, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, ва мо муқассирем ва Ту Бузургвор. Ҳарчанд исён монанди дарёи бепоён, вале афв ва ғуфрони Ту аъзам аз он. Чун нури бахшишат бидурахшад, зуламоти исён ҳарчанд торик ва ҳолик бошад, зилли зоил гардад. Чун моҳи таҳур аз малакутат, Эй Рабби Ғафур, нозил шавад, авсохи хато ҳарчанд азим бошад, мафқуд гардад ва саъюот бадал ба ҳасаноти мавфур шавад. Эй Худованд, ин бандаи мустамандро ба авҷи баланд бирасон ва ин абди мискинро дар даргоҳи Аҳадиятат паноҳ деҳ. Ҳарчанд пургуноҳем, дар ҷивори раҳмати кубро маъво бахш, зеро Ту Бахшанда ва Меҳрабонӣ, ва Аффув ва Ғафур бар аҳли ҷаҳон. Он чӣ сазовори раҳмат аст шоён фармо, ва он чӣ лоиқ аст мабзул дор. Туӣ Раҳмон, Туӣ Яздон, Туӣ Ҳаннон, Туӣ Маннон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14473)

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро, ҳарчанд гунаҳкорам, вале ҷуз Ту паноҳ надорам. Шукр Туро, ки дар ин оворагии кӯҳ ва саҳро ва бечорагӣ ва озурдагӣ дар дарё, боз ба фарёд расидӣ ва таъйид фармудӣ ва тавфиқ бахшидӣ, ва ба хидмати остонат сазовор кардӣ. Мӯреро қуввати Сулаймонӣ бахшидӣ ва пашшаеро шери бешаи Раҳмонӣ фармудӣ, қатраеро мавҷи дарё додӣ ва зарраеро ба зурваи алтоф расондӣ. Ҳарчӣ буд аз Ту буд, ва илло хоки заифро чӣ қуввате, ва вуҷуди наҳифро чӣ қудрате. Парвардигоро, ба гуноҳ магир, паноҳ деҳ. Исён мабин ғуфрон намо, дар лаёқат мангар, боби иноят бигшо. Туӣ Муқтадир ва Тавоно, Туӣ Олим ва Бино

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14474)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин гунаҳкорро бедор кун, ҳушёр намо, ва аз ҳастии хеш безор кун, ва нуронияти осмонӣ бахш, ва нафаси раҳмонӣ бидам. Зевари олами инсонӣ намо, роҳати виҷдонӣ деҳ, қуввати раббонӣ ато фармо. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда, ва Меҳрабон, ва Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14475)

Ҳуваллоҳ! Пок Яздоно, кулл гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, ҷамеъ ҷомеъи уюбем ва Ту кошифи куруб, гуноҳи ин осиёнро дар лавҳи маҳфуз сабт мафармо ва аз раққи маншур маҳв кун, назар ба истеҳқоқ ва истеъдод мафармо, ба он чӣ шоёни остони раҳмоният аст, муомила фармо, ғуфрон сифати ҷалил аст ва афв ва сафҳ аз аъзам нуути Он Худованди маҷид, пас гуноҳи ин бечорагонро бибахш ва аз қусури ин осиён даргузар, занби ин абд азъам зунуб, ва гуноҳи ин бепаноҳ бузургтар аз кӯҳи пуршукӯҳ, аввал қусури ин бесар ва сомонро бибахш, пас гуноҳи ҳар осии нодон. Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон ва Туӣ Омурзанда ва Мустаъон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14476)

Ҳувалабҳо! Эй Худованди меҳрабон, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор ва мо табоҳкорем ва Ту Аффуви Ғаффор, ҳарчанд мавҷи гуноҳ авҷ гирифтааст, вале ба афв ва ғуфронат мӯътамидем, ва ҳарчанд сели исён дар ниҳояти туғён аст, вале ба бахшиш ва эҳсонат мутавассилем. Эй Худои Пурато, хато бипӯш, дарёи раҳмат ба ҷӯш овар ва ҷоми мағфират бинӯшон, ҳарчанд зулмати зунуб шадид аст, вале маҳи тобони мағфиратат бас мунир. Эй Худованд, ин мустамандро дар айвони баланд ҷой деҳ ва арҷманд фармо ва дар фалаки ғуфрон ахтари тобон кун ва дар сояи дарахти умед маскан ва маъво бахш. Туӣ Ғафур ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14477)

Эй Парвардигор, Хатоёти ин нуфусро афв кун ва  сайюоти ин залилонро сатр намо, Ту Воқифӣ, Ту Олимӣ, Ту Мутталеъӣ, Ту Огоҳӣ. Мо гунаҳкорем, мо хатокорем, мо ғофилем, мо ҷоҳилем. Ту Аффувӣ, Ту Ғафурӣ, Ту Бузургворӣ, Ту Омурзгорӣ. Иннака Антал Таввобул Саттор.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14478)

Ҳуваллоҳ! Парвардигоро, Омурзгоро, ин мурғон шикастапаранд, бол ва паре бибахш ва дар авҷи афв ва ғуфрон парвоз деҳ, ва ин бечорагонро дар паноҳи омурзиши Хеш маскан ва маъво бахш, ин ташнагонро ба чашмаи алтоф бирасон ва ин мӯҳтоҷонро ба хони неъмати Хеш ҳозир фармо, аз шаби тор ва торики ҳирмон ва ҳиҷрон наҷот бахш, ва ба субҳи висол дида рӯшан намо, хато бибахш, ато бидеҳ, ва ба ончи навид бахшидӣ, вафо бифармо. Эй Худои Меҳрабон, ҳарчанд гунаҳкорем, вале ба афви Ту умедвор  ва ҳарчанд беистеъдодем, вале ба бахшиш ва додат дар ниҳояти эътимод. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда ва Омурзгор ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14479)

Аллоҳу Абҳо! Эй Қавии Қадир! Кулл дар қабзаи қудрат асирем, Ту Муҷир, Ту Дастгир. Инояте кун, мавҳибате фармо, дарвозаҳои фазл бикушо, ва назари алтоф афкан. Насими ҷонбахш бифирист, дилҳои муштоқро зинда кун, дидаҳоро равшан кун, ва соҳати дилҳоро рашки гулзор ва чаман намо. Башорат ба арвоҳ деҳ, ва масаррат ба ҷонҳо бахш. Қувваи қадима зоҳир намо, ва қудрати азима боҳир. Туюри нуфусро дар ҳавои дигар парвоз деҳ, ва маҳрамони носутро ба асрори  малакут дамсоз кун. Қадами cобит бахш, қалби росих ато фармо. Мо гунаҳкорем, Ту Омурзгор. Мо бандагонем Ту Парвардигор. Бесару сомонем, Туӣ малҷаъ ва паноҳ. Бар нашри нафаҳотат таъйид кун, бар эълони Калимотат тавфиқ бахш. Бесаронро сарварон кун, бенавоёнро ганҷи равон бахш. Нотавононро тавоноӣ бахш, заифонро қуввати осмонӣ деҳ. Туӣ Парвардигор, Туӣ Омурзгор, Туӣ Довари Кирдигор.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14480)

Ҳувалабҳо! Эй Парвардигор, ба ончи сазовор аст муваффақ кун, Эй Омурзгор ба он чӣ лоиқ аст муайяд фармо. Ин дастҳо ба домани афват пайваста, ва ин дилҳо ба муҳаббатат муқайяд ва баста, иноят кун, мавҳибат бахш.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14481)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор, мо гунаҳкорем ва Ту Омурзгор, мо ситамкорем ва Ту Бузургвор. Хато бипӯш, гуноҳ бибахш, қусур афв кун, бино кун ва шунаво, ҳушёр фармо ва доно. Мутанаббеҳ кун ва мутазаккир, мутазарреъ фармо ва мутафак– кир. Малҷаъ ва паноҳӣ ва марҷаъи субҳгоҳ, огоҳӣ ва гувоҳ, ки ҷуз Ту наҷӯям ва ба ғайр аз роҳат напӯям ва ҷуз саноят нагӯям. Эй Яздони Меҳрабон, мустаҳақи раъфат ва иноятем, ва муҳтоҷи афв ва мағфират. Додрасо, ба фарёд рас. Иннака Антар Раҳмону Раҳим.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

АФВ ВА БАХШИШ (#14482)

Ҳувалабҳо! Эй бандаи Ҳақ, дасти ниёз ба даргоҳи Ҳазрати Бениёз бардор ва бигӯ: Эй Парвардигор! Гунаҳкорем афв ва мағфират фармо, мӯҳтоҷем аз канзи Малакут бахшише намо, овораем дар паноҳи лутфат маъво бахш, бечораем қувват ва қудрате иноят кун.  Туӣ Фаззол, Туӣ Карим ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

